Назорати маблағгузории аҳзоби сиёсӣ пурзӯр мешавад

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ мешавад. Раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ин тағйироту илова асосан ба пурзӯр шудани назорати давлатӣ […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ мешавад.

Раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ин тағйироту илова асосан ба пурзӯр шудани назорати давлатӣ аз болои маблағгузории аҳзоби сиёсӣ дар кишвар нигаронида шудааст.

«Ҳадафи аслии пурзӯр шудани назорати мабалғгузории аҳзоби сиёсӣ роҳ надодан ба пулшӯйӣ, ки ба воситаи ҷинояторӣ ба даст омадааст ва маблағгузории терроризм аст», – қайд кард Салимзода.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи масъулуияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ва «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон» низ баррасӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.