Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 12 июн аз маркази бисёрсоҳаи тиббии «Маяк»-и шаҳри Маскав боздид намуд, ки асосан ба шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони кории шаҳр ва вилояти Маскав хизматгузорӣ мекунад.
Тавре хадамоти матбуоти сафорати ҶТ дар Русия дар ин робита иттилоъ медиҳад, дар суҳбат бо сафир сардухтури маркази тиббӣ, ҳамватани мо Аҳад Бурҳонов ва муовини директори марказ Канат Умедбеков иҳор доштаанд, ки маркази тиббии мазкур нав ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Кормандони марказ мақсад доранд, ки вазъи мушкили беморонро сабуктар сохта, ба онҳо имкон фароҳам созанд, ки ҳуқуқи худ ба дастрасии кумаки касбии тиббӣ аз рӯйи тариф ва нархҳои пасттарин дар бозори хизматгузории тиббии шаҳри Маскавро амалӣ намоянд.
Ба қавли сардухтур, дар марказ ҳам кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ ва ҳам кумаки махсуси тиббӣ пешниҳод гардида, сарфи назар аз кадом кишвар будан, патент доштан ё надоштан ва дар куҷо кор кардан, дарҳои он барои ҳамаи муҳоҷирони корӣ боз аст.
«Дар марказ якчанд табибони дорои сатҳи баланди тахассуси касбӣ аз Тоҷикистон фаъолият дошта, табиби дараҷаи олӣ Эдил Мукашев марказро роҳбарӣ мекунад. Ҳайати мутахасссисони «Маяк» беш аз 30 нафар табибони 15 ихтисоси гуногунро дар бар мегирад, ки миёни онҳо номзадҳои илми тиб, табибони дараҷаи олии касбӣ бо таҷрибаи зиёди фаъолият ҳузур доранд», – иброз дошт сардухтур.
Дар навбати худ Имомуддин Сатторов ба кормандони марказ барои кумак ба муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҳамчунин дархост намуд, ки ҷиҳати такмили сифати кумак ба беморон, аз ҷумла беҳбуди шароити марказ аз лиҳози моддиву техникӣ, имконот дарёфт шавад.



