Нашри китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик”

Китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайритаърихи мактабҳои олии кишвар, ки ба қалами донишмандони маъруфи кишвар Намоз Ҳотамов, Давлатхӯҷа Довудӣ, Сайфуллоҳи Муллоҷон ва шодравон Маъруф Исоматов навишта шудааст, бо такмилу иловаҳо аз ҷониби интишороти “Эрграф” бо теъдоди се ҳазор нусха аз чоп баромад. Ин китоб таърихи халқи тоҷик аз замони бостон то рӯзҳои […]

Азия-Плюс

Китоби дарсии “Таърихи халқи тоҷик” барои донишҷӯёни ихтисосҳои ғайритаърихи мактабҳои олии кишвар, ки ба қалами донишмандони маъруфи кишвар Намоз Ҳотамов, Давлатхӯҷа Довудӣ, Сайфуллоҳи Муллоҷон ва шодравон Маъруф Исоматов навишта шудааст, бо такмилу иловаҳо аз ҷониби интишороти “Эрграф” бо теъдоди се ҳазор нусха аз чоп баромад.

Ин китоб таърихи халқи тоҷик аз замони бостон то рӯзҳои моро фаро гирифтааст. Нашри нахустини ин китоб дар соли 2011 бо истиқболи гарми устодону донишҷӯён ва умуми хонандагон рӯ ба рӯ шуда, аз ҷониби донишмандони соҳа низ баҳои баланд гирифт. Аз ин рӯ бо ҳимояти вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технология ва пуштибонии Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо сифати баланд бознашр гардидааст.

Китоби мазкур бо забони оммафаҳм ва бо такя бар осори мӯътабари таърихӣ, маводи бойгонӣ ва дигар маъхазҳои иттилоотӣ иншо гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.