Боздошти афсари тоҷик дар Петербург ба гумони педофилия

Гумонбар ба педофилия (муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғон), афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки дар вокзал шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба бо интернетро вомехӯрад, вале ӯро кормандони мақомоти пулис пешвоз гирифтанд. Бино ба иттилои ВАО-и Русия, шоми рӯзи 11 июн дар возкали Маскав гумонбар ба гумроҳкунии ноболиғон ба амалҳои шаҳвонӣ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон боздошт […]

ASIA-Plus



Гумонбар ба педофилия (муносибати шаҳвонӣ бо ноболиғон), афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки дар вокзал шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба бо интернетро вомехӯрад, вале ӯро кормандони мақомоти пулис пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия,

шоми рӯзи 11 июн

дар возкали Маскав гумонбар ба гумроҳкунии ноболиғон ба амалҳои шаҳвонӣ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон боздошт шудааст. Низомии тоҷик ба вокзал барои вохӯрӣ бо шарики ноболиғи худ тариқи мукотиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳозир шудааст.

Дар бораи ба Петербург барои таҳсил дар самти низомӣ омадани подполковники тоҷик, мукотиба доштани ӯ бо навраси ноболиғ,  баррасӣ кардани масъалаҳои маҳрамона ва ба вохӯрӣ водор кардани ӯ, кормандони фаврии пулис қаблан огаҳӣ доштаанд. Аз ин рӯ, дар вокзал пайдо шудани кормандони мақомоти пулис ва баъдан боздошти афсар танҳо барои ӯ ҳайратовару ногаҳонӣ будааст.

Гуфта мешавад, айни замон масъалаи интихоби чораи пешгирии дар ҳабс ё дар озодӣ қарор доштани боздоштшуда мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.