Нашри китоби донишманди тоҷик дар Машҳад

Китоби донишманди тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон ва муҳаққиқи эронӣ Беҳрӯзи Тоҳирниё таҳти унвони «Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардон (бо такя бар сафарномаҳои аврупоӣ)» дар интишороти «Дафтари хадамоти чопии аз-Заҳро»-и шаҳри Машҳад ба нашр расид. Дар ин китоб авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардони аврупоӣ мунъакис гардидааст. Дар сарсухани китоб оварда шудааст, […]

Азия-Плюс

Китоби донишманди тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон ва муҳаққиқи эронӣ Беҳрӯзи Тоҳирниё таҳти унвони «Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардон (бо такя бар сафарномаҳои аврупоӣ)» дар интишороти «Дафтари хадамоти чопии аз-Заҳро»-и шаҳри Машҳад ба нашр расид.

Дар ин китоб авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр аз нигоҳи ҷаҳонгардони аврупоӣ мунъакис гардидааст.

Дар сарсухани китоб оварда шудааст, ки: “Дар ин китоб саъй гардидааст, ки танҳо аз кутуби сафарнома истифодаи инҳисорӣ нагардад, балки ба сурати татбиқӣ авзоъ ва аҳволи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр дар қарнҳои XVI-XVIII дар осори таърихӣ ва манобеъу маохизи муҳим низ мавриди баррасӣ қарор гардад ва ҳар ҷо сайёҳон дучори ғаразҳои шахсӣ ва ибҳому заъфи маълумот гардидаанд, бо баррасии кутуби таърихии муҳим аз иштибоҳу хато бикоҳем”.

Китоб бо теъдоди ду ҳазор нусха нашр гашта, барои истифодаи устодон, донишҷӯён, мутахассисони таъриху фарҳанг ва умуми дӯстдорони таърих пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.