Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо Сардори раёсати андозагирии ҳуқуқи инсон Филип Мак Махон ва мушовир оид ба масоили ҳуқуқӣ, ислоҳот ва интихоботи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Весна Кастаред мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши муносиботи Тоҷикистон бо Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо , дар ҳамаи заминаҳо баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни ин вохӯрӣ бештар ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва ин созмони бонуфуз таъкид шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи равобити Маҷлиси намояндагон бо ин созмони байналмилалӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки ин ҳамкориҳо ҳанӯз ҳам дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи ҳарду тараф ба роҳ монда нашудааст.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо тамоми талошҳои худро дар заминаи тақвияти равобити миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо истифода намоем, – гуфт Хайринисо Юсуфӣ.
Мавсуф изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо барои таҳкими равобити байнипарлумонӣ қадамҳои ҷиддӣ ва устуворро аллакай бардоштаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин иқдом дар оянда боз ҳам фаъолтар ва ҷиддитар ба роҳ монда хоҳад шуд. Иштироки ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз беҳтар шудани сатҳи равобит байни парлумонҳои Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо дарак медиҳад.
Хайринисо Юсуфӣ омодагии Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкориҳо бо Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо баён дошта, таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори густариш ва таҳкими робитаҳои худ бо ин ниҳоди байналмилалӣ дар тамоми заминаҳо мебошад ва кишвари мо Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои об, ҳифзу ҳимояи сарҳад, ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, ҳисобида, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон сафарҳои мақомҳои олии Тоҷикистон ва Созмони Амнияту Ҳамкори дар Аврупо ба Душанберо омили асосии таҳкимёбии муносиботи байниҳамдигарӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки иштироки расмии ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва САҲА такони тоза бахшид.
Мавсуф дар ҷараёни мулоқот ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва САҲА мароқ зоҳр намуда, ибрози умедворӣ намуд, ки масъулони ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва САҲА дар ин замина низ иқдомоти муассиртареро рӯи даст мегиранд.
Ба андешаи муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар доираи мавҷуд будани заминаҳои қарордодию ҳуқуқӣ тамоюли рӯ ба рушдро касб мекунанд.
Хайринисо Юсуфӣ дар идомаи ин вохӯрӣ аз кӯмак ва мусоидати САҲА ҷиҳати бартараф намудани бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмак дар рушди арсаҳои тандурустӣ, рушди сектори хусусӣ ва идоракунии молиявӣ, маориф равона гардидаанд, ибрози миннатдорӣ намуд.
Хайринисо Юсуфӣ ҳамчунин иброз намуд, ки дар Маҷлиси намоянд агон намояндагони ҳизбҳои сиёсии мамлакат шомил гардидаанд, ки ба нафъи мардуми кишвар содиқона хизмат мекунанд.
Сардори райёсати андозагирии ҳуқуқи инсон Филип Мак Махон низ аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА ризоятбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки САҲА дар доираи барномаҳои нави худ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшад.
Сардори райёсати андозагирии ҳуқуқи инсон Филип Мак Махон ҳамчунин иброз намуд, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, САҲА парлумон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, дар оянда низ дастгири хоҳад кард. Бо ин мақсад САҲА форумҳои ҳамкории минтақавӣ барои занонро дар Тоҷикистон мегузаронад, ки ин барои пешрафт ва ҷаҳонбинии занон мусоидат менамояд.
Ҳамчунин САҲА ният дорад соли оянда дар Ҷумҳурии Балкан як конференсияи байналмиллалиро роҷеъ ба пешрафту таҳкими занон дар ҷомеаи муосир гузаронад. Ҷониби САҲА аз Хайринисо Юсуфӣ хоҳиш намуд, ки иштироки занони фаъоли Тоҷикистониро дар кори ин конференсияи байналмилалӣ таъмин намояд.



