Бунёди 5 маркази омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим баррасӣ шуда, […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи васеи мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, ки дар рушди ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд, арзи сипос намуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имкону захираҳои истифоданашуда дар Тоҷикистон фаровонанд.

Доир ба роҳҳои бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Чунонки таъкид гардид, дар марҳилаи аввал сохтмони 5 адад чунин марказҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мувофиқи матлаб аст.

Томас Бах ва Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ изҳор доштанд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ ба Кумитаи милли олимпӣ ва варзишгарони Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, шиносонӣ бо сиёсати олами варзиш ва ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ ва ҷудо намудани идрорпулиҳо ба варзишгарони умедбахш дасти кумак дароз хоҳанд кард.

Изҳори бовар карда шуд, ки варзишгарони тоҷик оянда дар бозиҳои олимпию осиёӣ ва дигар мусобиқоти ҷаҳонию минтақавӣ ба натиҷаҳои бештару бештар ноил мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.