Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи 15 июн машварати навбатии корӣ доир намуд, ки дар он масоили таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дар моҳи шарифи Рамазон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат ба масъалаи пешгирӣ аз болоравии сунъии нарх дар бозори истеъмолӣ дар моҳи Рамазон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Раиси пойтахт ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло», инчунин дигар бозорҳои хусусӣ дастур дод, ки дар радифи дигар соҳибкорон аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифатро ба савдо гузоранд.
Дар машварат ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки оид ба бартараф кардани савдои кӯчагӣ дар шаҳр, саривақт баровардани партовҳои маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ чораҳои муассир андешанд.



