Чораҷӯии шаҳрдории пойтахт оид ба боздоштани болоравии сунъии нархҳо дар моҳи Рамазон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи 15 июн машварати навбатии корӣ доир намуд, ки дар он масоили таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дар моҳи шарифи Рамазон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат ба масъалаи пешгирӣ аз болоравии сунъии нарх дар бозори истеъмолӣ дар моҳи […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи 15 июн машварати навбатии корӣ доир намуд, ки дар он масоили таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дар моҳи шарифи Рамазон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат ба масъалаи пешгирӣ аз болоравии сунъии нарх дар бозори истеъмолӣ дар моҳи Рамазон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Раиси пойтахт ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи боло», инчунин дигар бозорҳои хусусӣ дастур дод, ки дар радифи дигар соҳибкорон аз ҳисоби захираҳои дохилиашон маҳсулоти ниёзи аввалияи хушсифатро ба савдо гузоранд.

Дар машварат ҳамчунин ба масъулин дастур дода шуд, ки оид ба бартараф кардани савдои кӯчагӣ дар шаҳр, саривақт баровардани партовҳои маишӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ чораҳои муассир андешанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.