Дар остонаи моҳи Рамазон нархҳо дар ярмарка-фурӯши Суғд 30% поинтар аст



Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон, ки имсол санаи 18 июн дар Тоҷикистон фаро мерасад, дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои паст гузаронида мешаванд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 14 июн дар майдони Регистони бозори Панҷшанбе чунин ярмарка -фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир гардид.

Гуфта мешавад, дар он беш аз 325 тонна маҳсулоти гуногун аз қабили орд, гӯшт, шакар, пиёзу сабзӣ, тухм, картошка, биринҷ ва ғайраҳо ба фурӯш бароварда шуда, маҳсулоти ба мардум пешниҳодгардида нисбати бозор то 30 фоиз арзонтар буд.

Зимнан зикр менардад, ки чунин ярмарка-фурӯшҳо имрӯзҳо дар қисматҳои дигари шаҳри Хуҷанд низ баргузор мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное