Ширкати «Телекомм Техноложи» 4800 сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкати ҶСП «Телекомм техноложи»-ро барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст. Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкат меъёрҳои моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурии ҶТ (Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ)-ро риоя накарда, ба маблаги 4 […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкати ҶСП «Телекомм техноложи»-ро барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст.

Аз суди мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкат меъёрҳои моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурии ҶТ (Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ)-ро риоя накарда, ба маблаги 4 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима шудааст Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Ғайрат Сангинзода, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шудааст.

Ширкати «Телекомм техноложи» дар иҷро накардани талаботии қонунгузорӣ оид ба қоидаи паҳн кардани адабиёти дорои моҳияти динӣ дар баробари дигар предмет ва дигар маводи таъиноти динидошта бидуни хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ айбдор карда мешавад.

Директори генералии ҶСП «Телекомм техноложи» Гулмаҳмад Қаюмов дар мурофиаи судӣ дар ин робита баёнот додааст, ки ширкати фароҳамсози интернет бо ширкати қазоқистонии «Намба Медиа» қарордоди шарикӣ бастааст, ки ин ширкат дар торнамои «Телекомм Техноложи» маводи дорои хусусияти диниро паҳн кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.