Шиносоии нахуствазир бо ҷараёни корҳои сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 15 июн бо ҷараёни корҳои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки навбати дуюми марказии барқу гармидиҳии мазкур бар пояи созишномаи қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин сохта мешавад. Нахуствазир ҳамроҳ бо […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 15 июн бо ҷараёни корҳои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки навбати дуюми марказии барқу гармидиҳии мазкур бар пояи созишномаи қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин сохта мешавад.

Нахуствазир ҳамроҳ бо мутахассисони ширкати ТВЕА бо қисматҳои ҷудогонаи сохтмон, ки дар он таҳкурсии навбати дуюми МБГ бунёд мегардад, аз наздик ошно гардид.

Расулзода ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ба сифати корҳои иҷромешуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Мутахассисони иншоот ба нахуствазир маълумот доданд, ки навбати дуюми МБГ Душанбе-2 зимистони соли 2016 ба истифода дода мешавад.

«Аз паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин бармеояд, ки муддати се соли оянда иқтидори МБГ Душанбе-2 аз 100 МВт ҳозира бояд то ба 400 МВт расонида шавад», – қайд кард Муҳиддинов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.