Фармондеҳони наваскари ҳалокшуда аз хизмат барканор шуданд

Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, се нафар ҳамхизматони сарбози марҳум ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ба ҳабс гирифта шудаанд. […]

Аваз Юлдошев



Фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом дар робита ба марги сарбози навдаъватшуда Фирдавс Раҳматови 22-сола аз хизмат барканор шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, се нафар ҳамхизматони сарбози марҳум ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ба ҳабс гирифта шудаанд.

«Тақдири минбаъдаи фармондеҳони аз хизмат барканоршуда баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аз рӯйи далели марги Ф.Раҳматов боз шудааст, маълум мешавад», – гуфт сухангӯи вазорат.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат

барои ба хок супурдан

ба волидонаш овардаанд.

Ғанӣ Раҳматов, падари сарбози фавтида 

дар саҳифаи худ 

дар шабакаи Фейсбук дар ин бора навишта буд: «Писари ман Раҳматов Фирдавс Ғаниевич, санаи таваллуд 22.12.1993 сол, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қотилони фарзанди азизам ӯро лату кӯб ва ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонида, ба марг расониданд. Писарам дар қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом, вилояти Суғд санаи 07.05.2015 сол ба сафи ҳарбӣ даъват шуда, санаи 07.06.2015 сол ҷасадашро гирифта оварданд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.