Даъвати 70 нафар журналистони дохиливу хориҷӣ ба фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав»-и Хуҷанд

Имрӯз  дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» нахустин маротиба дар вилояти Суғд Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» доир мегардад, ки дар он меҳмонони зиёде иштирок хоҳанд кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал наздики 70 нафар журналистону хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд. Гуфта мешавад, аз ҷумла хабарнигорони Шабакаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз  дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» нахустин маротиба дар вилояти Суғд Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» доир мегардад, ки дар он меҳмонони зиёде иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, барои инъикоси ҷараёни баргузории Фестивал наздики 70 нафар журналистону хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумла хабарнигорони Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, шабакаи иттилоотии Ҷаҳоннамо, ТВ Сафина, СТВ, АМИТ Ховар, МТРК МИР, ВВС, IWPR, ОРТ, РИА Новости, Internews, Садои Хуросон,  ШТР СМ-1, ШТР Азия, ШТР Танин, Азия-плюс, Авеста, Озодӣ, рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Тоҷикистон», «Фараж» ва ғайраҳо дар ин Фестивал иштирок мекунанд ва онро дар расонаҳои хабарӣ инъикос менамоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар Фестивал ҳамзамон журналистони кишварҳои дӯст Қазоқистону Қирғизистон, ки барои инъикоси Фестивали «Гулҳо» ва «Оши палав» дар расонаҳои кишварҳояшон ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, иштирок менамоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.