Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон пуршукӯҳ баргузор шуданд

Дар шаҳри Бишкек маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар театри опера ва балети ба номи А.Малдибоев бо гала-консерт анҷом пазируфт. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон аҳолии кишвари ҳамсоя бо тобишҳои ҷолиби фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик, расму оини […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Бишкек маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ дар театри опера ва балети ба номи А.Малдибоев бо гала-консерт анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар доираи чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон аҳолии кишвари ҳамсоя бо тобишҳои ҷолиби фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик, расму оини миллӣ ва дастовардҳои муосири Тоҷикистон дар бахши фарҳанг аз наздик ошно гардиданд.

Гуфта мешавад, ин чорабинии фарҳангӣ ба ҷашни пуршукӯҳи дӯстӣ мубаддал гардида, хоҳиши мардуми ҳамсоякишварҳоро ба роҳандозии ҳамкории пурсамар, таҳкими ҳусни тафоҳум ва эътимоди дуҷониба таҷассум кард.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои сершумор дар шаҳри Бишкеку вилояти Иссиқ-Кӯл ҷонибдории кишварҳои дӯст ба рушди минбаъдаи муколамаи фарҳангиву гуманитарӣ ва пурмуҳтаво сохтани онро нишон доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки тамоми чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон бо ҳузури тамошобинони сершумор ва намояндагони ВАО дар фазои ғайриоддии илҳоми эҷодӣ сурат гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.