Душанбе: Мусодираи 11 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз

Зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар шаҳри Душанбе рӯзи 15 июн кормандони милиса ду ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 29-солаи ноҳияи Панҷ боздошт шуда, дар вақти кофтуков аз ӯ 3-килою 990-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шудааст. […]

ASIA-Plus



Зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар шаҳри Душанбе рӯзи 15 июн кормандони милиса ду ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 29-солаи ноҳияи Панҷ боздошт шуда, дар вақти кофтуков аз ӯ 3-килою 990-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар ин рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 7-килою 110-грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.