СММ Тоҷикистонро ба худдорӣ аз тангсозии фаъолияти ТҒД даъват кард

Дар иҷлосияи 29-уми Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз як қатор кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват кард, ки аз иқдомоти тангсозии фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва фаъолони ҷомеа худдорӣ варзанд. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад. Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз ҷумла қонуни нави Русияро, […]

Аҳлиддин Салимов



Дар иҷлосияи 29-уми Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз як қатор кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват кард, ки аз иқдомоти тангсозии фаъолияти Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва фаъолони ҷомеа худдорӣ варзанд. Дар ин бора


Маркази иттилооти СММ


хабар медиҳад.

Зайд Раад ал-Ҳусайнӣ аз ҷумла қонуни нави Русияро, ки ба фаъолияти созмонҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ рабт дорад, мавриди интиқод қарор дода, ба ҳимояти маҳбусон дар Озарбойҷон садо баланд кард ва лоиҳаи қонунҳои як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ алайҳи ТҒД-ро маҳкум намуд.

Намояндаи СММ гуфт, дар чанде аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон айни замон қонунҳое дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатии аз хориҷи кишвар маблағгузоришуда таҳия мешаванд. «Агар чунин қонунҳо ба тасвиб расанд, ин минбаъд ба маҳдуд шудани озодиҳои демократӣ оварда мерасонад», – таъкид доштааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.