Қатли 40 ҷангии «Давлати исломӣ» аз ҷониби муборизони курд

Date:



Муборизони курд қариб тамоми ҳудуди шаҳраки Тал-Абяди шимоли Сурияро аз тасарруфи гурӯҳи «Давлати исломӣ» озод намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», зимни даргирӣ курдҳо мавзеъеро, ки тундравон онро чун масири қочоқи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ба самти вилояти Раққаҳ истифода мебурданд, зери назорат гирифтаанд.

Гуфта мешавад, бар асари задухӯрдҳо 40 ҷангии гурӯҳи «Давлати исломӣ» маҳв ва боқимондаи онҳо ба муқовимати воҳидҳои курд тоб наоварда, ба атрофи шаҳраки Тал-Абяд ақибнишинӣ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳраки Тал-Абяд дар марз бо Туркия воқеъ буда, ҳамарӯза тавассути он садҳо нафар аз Сурия ба Туркия ворид мешаванд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...