Даъвати Толибон аз ДИИШ оид ба худдорӣ аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон

Гурӯҳи Толибон дар номае ба Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳушдор додааст, ки аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон худдорӣ кунад. Бино ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои  Хуросон бо истинод ба гузориши хабаргузории ИРНА, Толибон дар ин нома ба изҳор кардаанд, ки барои эҷоди гурӯҳи дигар аз сӯи ДИИШ […]

ASIA-Plus



Гурӯҳи Толибон дар номае ба Абубакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ҳушдор додааст, ки аз эҷоди ҷабҳаи ҷудогона дар Афғонистон худдорӣ кунад.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии радиои Садои  Хуросон бо истинод ба гузориши хабаргузории ИРНА, Толибон дар ин нома ба изҳор кардаанд, ки барои эҷоди гурӯҳи дигар аз сӯи ДИИШ дар Афғонистон зарурате нест.

Толибон дар ин нома қайд кардаандт, ки онҳо хайри ДИИШ-ро мехоҳанд ва ин гурӯҳ ҳам набояд алайҳи Толибон сафи ҷадидеро ба вуҷуд оварад.

Онҳо дар ин нома хитоб ба Бағдодӣ таъкид кардааст, ки афроди вай набояд дар байни нерӯҳои Толибон кина ва дудастагӣ эҷод ва орзӯи мухолифони гурӯҳи Толибонро бароварда кунанд.

Толибон дар ин нома ба ДИИШ ҳушдор додааст, ки агар афроди онон барои Толибон мушкил эҷод кунанд, ба шӯҳрати онон садамаи ҷуброннопазир ворид хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин раҳбари гурӯҳи террористии ДИИШ гуфта буд, ки “торихи масраф”- Мулло Умар ва Толибон ба поён расидааст.

ДИИШ пеш аз ин гурӯҳи Толибонро олати дасти Созмони иттилоотии низомиёни Покистон хонда ва алайҳи ин гурӯҳ эъломи ҷиҳод карда буд.

То кунун дар даргириҳои ДИИШ ва Толибон дар Афғонистон даҳҳо тан аз афроди ду тараф кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.