IFAD: Нисфи маблағҳои интиқолёфта аз Аврупо ба ОМ ба Русия рост меояд

Дар маълумотномаи омории тоза, ки Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) интишор намуд, қайд мешавад, ки нисфи маблағҳои пулии интиқолёфта аз Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба Русия рост меояд. Бино ба иттилои CA-NEWS , қисми зиёди маблағҳои пулӣ аз Русия асосан ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон фиристода мешаванд. Гузориши IFAD […]

ASIA-Plus



Дар


маълумотномаи омории


тоза, ки Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) интишор намуд, қайд мешавад, ки нисфи маблағҳои пулии интиқолёфта аз Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба Русия рост меояд.

Бино ба иттилои

CA-NEWS

, қисми зиёди маблағҳои пулӣ аз Русия асосан ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон фиристода мешаванд. Гузориши IFAD бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ асос меёбад.

Мувофиқи гузориши нав, аз 45 кишвари Аврупо ба Қирғизистон – 2,14 млрд. $, Тоҷикистон – 3,314 млрд. $ ва аз ҳама бештар ба Ӯзбекистон – 5,588 млрд. $ маблағ интиқол дода шудааст.

Гуфта мешавад, имрӯз дар саросари ҷаҳон рӯзгори 750 млн. нафар ба интиқоли маблағҳои пулии наздиконашон аз хориҷи кишвар вобаста аст. Маблағҳои пулии интиқолшуда дар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, рушди иқтисод нақши муҳим дошта, барои миллионҳо оилаҳо дар дунё ояндаи беҳтареро таъмин мекунанд.

Ба сафи кишварҳои пешсафи Аврупо, ки соли 2014 аз ҳама бештар аз онҳо маблағҳои пулӣ интиқол дода шудаанд, баъди Русия Британияи Кабир – 17, 1 млрд. $, Олмон – 14 млрд. $, Фаронса – 10,5 млрд. $, Италия – 10,4 млрд. $ ва Испания – 9,6 млрд. $ шомил шуда, қариб 75%-и интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҳиссаи онҳо рост меояд.

Нашрияи

Деловой Петербург

менависад, кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирон дар соли 2014 ИМА, Арабистони Саудӣ, Олмон, Русия ва Аморати Муттаҳидаи Араб боқӣ мондаанд.

Давлатҳои асосии фиристандаи муҳоҷирон дар саросари сайёра Ҳиндустон, Филиппин, Мексика ва Нигерия номбар шудаанд. Бонки ҷаҳонӣ пешгӯи кардааст, ки соли равон шумори умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон беш аз 250 млн. нафарро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта танҳо ҳиндустониён аз тамоми гӯшаву канору дунё ба ватанашон 70 млрд. $ маблағи пулӣ фиристодаанд.

Зикр мегардад, ки ҳанӯз моҳи январ камшавии шумори муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна дар Русия шурӯъ шуд, ки ба ин раванд бештар шадидтар шудани сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар, аз ҷумла ҳатман супурдани имтиҳони донистани забону русӣ, пардохти суғуртаи тиббӣ, харидани патент барои кор ва ғайра боис гардид.

Аллакай моҳи феврал намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия камшавии шумори муҳоҷирон ба андозаи 20%-ро қайд карданд. Аввали моҳи март миқдори норасоии кӯчарӯбон дар Петербургро 25% арзёбӣ шуда, Раёсати минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷират пешгӯи намуд, ки сафи кормандон давоми сол 10-15% коҳиш меёбад. Ахири моҳи март бошад, Хадамоти федралии муҳоҷират норасии муҳоҷиронро 30% арзёбӣ кард.

Ба ин раванд ҳамчунин беқрбшавии рубл низ таъсир гузошт: арзиши воқеъии пуле, ки коргарони хориҷӣ ба ватан мефиристоданд, босуръат поин рафта, баръакс, ҳаҷми пулҳои интиқолёфта ба Русия зиёд шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.