Ташрифи як ҳайати соҳибкорони Беларус ба Суғд

Дар назар аст, ки 25 июни соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус ташриф оварад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи ташриф, ки он бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузории бизнес-вохӯрӣ байни соҳибкорони ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, […]

ASIA-Plus



Дар назар аст, ки 25 июни соли ҷорӣ ба шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус ташриф оварад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи ташриф, ки он бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, баргузории бизнес-вохӯрӣ байни соҳибкорони ду кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, мақсад аз ташрифи меҳмонон ва баргузории бизнес-вохӯрӣ ин пеш аз ҳама густариши  муносибатҳои тиҷоратии байни соҳибкорони ду кишвар ва дар ин замина рӯи кор омадани якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ  оид ба содироту воридоти молҳо аз ҷониби ду тараф мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар назар аст, дар бизнес-вохӯрӣ намояндагони беш аз 15 коргоҳу ширкатҳои номии кишвари Беларус, чун  ҶСК “Белшина”, ҶСК “МАЗ”,  Коргоҳи фаръии “«Фабрикаи мебелбарории Ружанск»”,  комбинати равғанбарории Гомел, ҶДММ “БелЭмса”, ҶСК “Беллакт”, ҶСК “Камвол” ширкат варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.