Эроди Шукурҷон Зуҳуров ба бесалоҳиятии Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон баҳси пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, зеро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Шамс Назаров зимни суханронӣ назди вакилон ғайриинтизор барои ҳама пешниҳод кард, ки ин масъала аз рӯзномаи маҷлис хориҷ карда шавад, зеро баъзе моддаҳои […]

Аваз Юлдошев



Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон баҳси пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, зеро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Шамс Назаров зимни суханронӣ назди вакилон ғайриинтизор барои ҳама пешниҳод кард, ки ин масъала аз рӯзномаи маҷлис хориҷ карда шавад, зеро баъзе моддаҳои қонуни мазкур бо Кумита мувофиқа нашудаанд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз ин норозигӣ изҳор намуда, аз кумитаву комиссияҳои парлумон шарҳи ин масъаларо талаб кард, зеро ба гуфти ӯ, лоиҳаи қонуни мазкур ҳанӯз ахири соли гузашта омода шуда, маълум нест, ки бо кадом сабаб бо мақомоти дахлдор мувофиқа нашудааст.

Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун, вакили парлумон Олимҷон Сафаров қайд кард, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат бо ифодаи «мақомоти дахлдори давлатӣ» дар лоиҳа розӣ нест ва талаб дорад, ки он бо ифодаи»Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ» иваз карда шавад.

Пас аз шарҳи вакил Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ аз тартиби оддии омода ва таҳия намудани лоиҳаи қонунҳо огаҳӣ надорад.

«Зери ифодаи «мақомоти дахлдори давлатӣ» албатта Кумитаи шумо дар назар аст ва наход Шумо ҳаминро ҳам надонед ва умуман бигзор дар ҷаласаҳои минбаъдаи парлумон раиси Шумо иштирок кунад, на муовинони ӯ. Ин ба роҳбарони ҳамаи вазорату идорахои ҷумҳурӣ дахл дорад», – иброз дошт Зуҳуров.

Дар идома ӯ зикр кард, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист муддати зиёдест, ки ба ӯ дар бораи вазъи экологӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти вилояти Суғд маълумотнома пешниҳод карда наметавонад. «Шумо ҳатто аз вазъи воқеъӣ дар минтақаи Ширкати алюминии тоҷик низ огаҳ нестед», – изҳор дошт ӯ.

Ба андешаи яке аз муаллифони лоиҳаи қонун, вакили парлумон Олимҷон Сафаров, партовҳои зараровари нақлиёти автомобилӣ ба фазо имрӯз ба яке аз мушкилоти бузург мубаддал гардидааст. «Агар соли 2004 дар Тоҷикистон беш аз 223 ҳазор адад автомобилҳо ба қайд гирифта шуда буданд, пас аввали соли равон шумори онҳо аллакай ба 440 ҳазор адад расидааст», – қайд кард вакил.

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар аз лоиҳаи қонуни мазкур якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?