Сафар Кабиров, бародари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ медиҳад, ки ӯро чандин маротиба ба мақомоти интизомӣ даъват карда, талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҳизб хориҷ шавад.
Аз ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҳамин ҳол, ба ӯ гуфтаанд, бояд дар бораи падари пири 90-солааш фикру андеша кунад, ки якчанд бемории сактаи дилро паси сар намудааст.
«Албатта, фикру андешаии падарро доштан дар ин синнусол қарзи ҳар як шахс аст», – гуфтанд дар ҲНИТ ва илова намуданд, ки агар С.Кабиров аз сафҳои ҳизб хориҷ шавад, онҳо ин амали ӯро дарк хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, худи Сафар Кабиров аз шарҳи ин масъал худдорӣ варзида, қайд кард, ки айни замон ӯ дудила буда, сари як қарори мушаххасе наомадааст, ки минбаъд чӣ гуна амал кунад.
Зимнан зикр мегардад, ки роҳбарони бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт – Абдумалик Салимов ва Ҳабибхон Неъматов имрӯз ба Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД даъват шуда, дар ин мавридҳо низ мавзӯи суҳбат водоркунӣ ба тарки сафҳои ҳизб будааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҶТ ин маълумоти ҲНИТ-ро рад мекунад. Котиби матбуотии ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вазорат оид ба касеро аз ҷониби касе маҷбур кардан ба тарки сафҳои кадом як ҳизб маълумот вуҷуд надорад.



