Даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия қариб 2 баробар кам шуд

Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан ба сатҳи камтарин аз замони роҳандозии ҳисобу китоби оморӣ расида, дар семоҳаи авали соли 2015 ба миқдори 42,4% кам шуд. Нашрияи «Деловая газета.Юг» дар шарҳи ин хабар менависад, давоми солҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодии солҳои 2008-2009 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик ҳамагӣ ба […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан ба сатҳи камтарин аз замони роҳандозии ҳисобу китоби оморӣ расида, дар семоҳаи авали соли 2015 ба миқдори 42,4% кам шуд.

Нашрияи «Деловая газета.Юг» дар шарҳи ин хабар менависад, давоми солҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодии солҳои 2008-2009 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пули муҳоҷирони кории тоҷик ҳамагӣ ба андозаи 10-15% коҳиш ёфта буд.

Бо истинод ба маълумоти хабаргузории Интерфакс ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки семоҳаи авали соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия 19% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро ташкил додаст ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи авали соли 2014 ин нишондиҳанда ба 30,8% баробар буд.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ин омилро ба сустшавии афзоиши иқтисод ва афзоиши сатҳи бекорӣ рабт медиҳанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, нисбат ба ним сол пештар аввали соли 2015 шумори муҳоҷирони кори тоҷик 200 ҳазор нафар камтарро ташкил додааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар зарфи 4 моҳи соли равон муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан 615,6 млн. доллари ИМА

ирсол кардаанд

, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 318,6 млн. доллари ИМА ё худ 34,1% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.