Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нисбати 4 нафар хатмкардагоне, ки тибқи рӯйхати тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳи буҷавии донишгоҳ ва роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз кор кардан аз рӯи ихтисос саркашӣ намуданд, ба суд шикоят бурд.
Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, тибқи ҳалномаи суд номбурдагон муваззаф гардиданд, ки ба фоидаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маблағи аз буҷети давлат сарфшудаи таҳсилро дар ҳаҷми умумии 32 ҳазору 288 сомонӣ баргардонанд.
Гуфта мешавад, ин баррасии парвандаи гражданӣ бори аввал дар таърихи донишгоҳ буда, бахши ҳуқуқи раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ин пас хамткардагоне, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир намешавад, ба суд диҳад.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз калонтарин муасисаҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, феълан дар он беш аз 15 ҳазор донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ шуъбаи рӯзонаи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳро 497 нафар хатм намуда, аз онҳо 485 нафарашон тибқи роҳхат ба муасисаҳои таълимӣ тақсим карда шуданд.



