Донишҷӯёни ДДХ ба ҷуброни маблағи таҳсил уҳдадор шуданд

Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд (ДДХ)  ба  номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров  нисбати 4 нафар хатмкардагоне, ки тибқи  рӯйхати  тақсимоти  хатмкунандагони  гурӯҳи  буҷавии  донишгоҳ  ва  роҳхати  Вазорати  маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз  кор  кардан  аз  рӯи  ихтисос  саркашӣ  намуданд,  ба суд шикоят бурд. Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, тибқи ҳалномаи суд номбурдагон муваззаф […]

ASIA-Plus



Донишгоҳи  давлатии  Хуҷанд (ДДХ)  ба  номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров  нисбати 4 нафар хатмкардагоне, ки тибқи  рӯйхати  тақсимоти  хатмкунандагони  гурӯҳи  буҷавии  донишгоҳ  ва  роҳхати  Вазорати  маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, аз  кор  кардан  аз  рӯи  ихтисос  саркашӣ  намуданд,  ба суд шикоят бурд.

Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ, тибқи ҳалномаи суд номбурдагон муваззаф гардиданд, ки ба фоидаи  Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд  ба  номи  академик  Бобоҷон  Ғафуров   маблағи аз буҷети давлат  сарфшудаи таҳсилро дар ҳаҷми  умумии 32 ҳазору 288 сомонӣ баргардонанд.

Гуфта мешавад, ин баррасии парвандаи гражданӣ бори аввал дар таърихи донишгоҳ буда, бахши ҳуқуқи раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ин пас хамткардагоне, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир намешавад, ба суд диҳад.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз калонтарин муасисаҳои олии кишвар маҳсуб ёфта, феълан дар он беш аз 15 ҳазор донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли ҷорӣ шуъбаи рӯзонаи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳро 497 нафар хатм намуда, аз онҳо 485 нафарашон тибқи роҳхат ба муасисаҳои таълимӣ тақсим карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.