Курсии раиси КМИР Тоҷикистон се моҳ холӣ боқӣ мемонад



Курсии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон то аввали моҳи октябр холӣ боқӣ мемонад.

Тавре як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои Конуститутсияи ҶТ, Қонуни констиутсионии ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», раис, муовин ва 13 аъзои КМИР-ро бо пешниҳоди президент Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар интихоб мекунад.

«Чун палатаи поёнии парлумон аз 1 июл ба рухсатии семоҳаи тобистона меравад, курсии аз 15 апрел холишудаи раиси КМИР ҳадди ақал то бозгашти вакилон аз таътил холӣ хоҳад монд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, масъалаи интихоби раиси нави КМИР дар рӯзномаи ҷаласаи ахири иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 24 июн дар Душанбе доир мегардад, низ ҷой надорад.

Қобили зикр аст, ки собиқ раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён санаи 16 июн бо пешниҳоди президенти мамлакат ба вазифаи раиси Суди олии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное