Курсии раиси КМИР Тоҷикистон се моҳ холӣ боқӣ мемонад

Курсии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон то аввали моҳи октябр холӣ боқӣ мемонад. Тавре як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои Конуститутсияи ҶТ, Қонуни констиутсионии ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», раис, муовин ва 13 аъзои КМИР-ро бо пешниҳоди президент Маҷлиси […]

Аваз Юлдошев



Курсии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон то аввали моҳи октябр холӣ боқӣ мемонад.

Тавре як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои Конуститутсияи ҶТ, Қонуни констиутсионии ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», раис, муовин ва 13 аъзои КМИР-ро бо пешниҳоди президент Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар интихоб мекунад.

«Чун палатаи поёнии парлумон аз 1 июл ба рухсатии семоҳаи тобистона меравад, курсии аз 15 апрел холишудаи раиси КМИР ҳадди ақал то бозгашти вакилон аз таътил холӣ хоҳад монд», – гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, масъалаи интихоби раиси нави КМИР дар рӯзномаи ҷаласаи ахири иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 24 июн дар Душанбе доир мегардад, низ ҷой надорад.

Қобили зикр аст, ки собиқ раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён санаи 16 июн бо пешниҳоди президенти мамлакат ба вазифаи раиси Суди олии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.