Ҳабси сокини Рашт барои қатли бераҳмонаи модараш



Санаи 23 июн зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар ноҳияи Рашт марди 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда санаи 4-уми июни соли равон соати 14:00-дақиқа бо ҳамсари 25-солаи бародараш (бародари гумонбаршуда дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз ҷумҳурӣ қарор дорад) дар ҳуҷраи хобаш муносибати шаҳвонӣ менамояд.

Модари 61-солаи гумонбаршуда, ин ҳолатро дида, писарашро барои ин амали ғайриинсонӣ сарзанишу маломат карда, таҳдид мекунад, ки ӯро ба кормандони милитсия месупорад.

Ҳамсари бародараш ба таҳлука афтода, ба гумонбаршуда мегӯяд, ки акнун модарат сирри моро дар байни ҳамдеҳагон паҳн карда, моро шарманда мекунад. Барои ҳамин ту бояд ягон кор кунӣ, яъне модаратро ба қатл расонӣ.

Гумонбаршуда маслиҳати ӯро қабул карда, дар назди худ мақсад мегузорад, ки барои пинҳон доштани муносибати маҳрамонаи ӯ бо янгааш, модарашро ба қатл расонад ва аз пайи амалӣ намудани мақсади нопоки худ мешавад.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 15:00-дақиқа гумонбаршуда огоҳ мешавад, ки модараш бояд барои шустушӯ ва оббозӣ ба ҳаммоми хонаашон дарояд. Вақте ки модараш барои гирифтани об вориди хонаи кӯҳна мешавад, писари нохалафаш аз қафояш рафта, аз тахтаҳои дар он хона партофташуда яктоашро гирифта ба тарафи чапи сари модараш сахт мезанад. Дар натиҷа модараш аз зарбаи сахти тахта беҳуш мегардад. Гумонбаршуда дарҳол аз китфони модараш қапида, бо мақсади пинҳон намудани осори ҷиноят, ӯро кашола карда, ба ҳаммом мебарад ва партофта, худ аз наздаш меравад. Баъд аз гузаштани 3-соат ба назди ҳаммом омада, доду фарёд мезанад, ки гӯё модараш бемории сактаи дил будаасту ҳангоми ба ҳаммом даромаданаш ғалтида ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 5-уми июни соли равон марҳумро ҷаноза намуда, ба хок месупоранд. Вале таҷрибаи хуби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт имкон дод, ки баъди 16-рӯзи содир шудани ҷиноят дар натиҷаи бурдани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ин ҷинояти мудҳишро ошкор намоянд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ин фарзанди нохалаф, ки дидаю дониста қотили модари муштипари худ гардидааст, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное