Аз пардохти андоз озод шудани ширкати навбатии Чин

Бо пешниҳоди ҳукумати мамлакат имрӯз, 25 июн палатаи поёни парлумони Тоҷикистон ба Буҷети давлатии кишвар барои соли 2015 тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он ширкати Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА) барои сохтмони 5 мактаби таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва 20 километр роҳ дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз […]

Аваз Юлдошев



Бо пешниҳоди ҳукумати мамлакат имрӯз, 25 июн палатаи поёни парлумони Тоҷикистон ба Буҷети давлатии кишвар барои соли 2015 тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он ширкати Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА) барои сохтмони 5 мактаби таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва 20 километр роҳ дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромад ва андоз аз истифодаи роҳҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор дошт, ки ширкати чинӣ ба сифати иқдоми хайрия (ҳадя) дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Данғара ба маблағи умумии 80 млн. сомонӣ мактабҳо сохта, барои сохтмони 20 километр роҳ беш аз 79 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки маблағи умумие, ки аз ин ҳисобба буҷети давлатӣ ворид намешавад, 17,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.