Тариқи квотаи президентӣ 340 хатмкардаи мактабҳои Суғд донишҷӯ шуданд

Тариқи квотаи президентӣ 340 хатмкардаи мактабҳои вилояти Суғд ба мактабҳои олии кишвар қабул шуданд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар соли хониши 2015-2016 ба вилояти Суғд 340 квотаи президентӣ, аз ҷумла 177 ҷой барои духтарон ва 163 квота барои писарон ҷудо гардида буд. […]

Мавлуда Рофиева



Тариқи квотаи президентӣ 340 хатмкардаи мактабҳои вилояти Суғд ба мактабҳои олии кишвар қабул шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар соли хониши 2015-2016 ба вилояти Суғд 340 квотаи президентӣ, аз ҷумла 177 ҷой барои духтарон ва 163 квота барои писарон ҷудо гардида буд.

Гуфта мешавад, дар асоси  фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон, аз  1  то 15 июни соли ҷорӣ бо довталабон барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квота сӯҳбат баргузор гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ҷиҳати иҷрои қарори ҳукумат оид ба қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ чораҳои мушаххас андешида, ҳамаи  340 ҷойҳои барои  вилоят ҷудогардида, пурра ишғол карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.