Freedom House: Сатҳи демократияи Тоҷикистон аз Русия беҳтар аст

Сарфи назар аз пайиҳам соли чорум поин рафтани нишондиҳандаҳои демократия дар Тоҷикистон ва давлати худкома (авторитарӣ) эълон шудани он аз нигоҳи сатҳи арзишҳои демократия, нисбат ба Русияву Қазоқистон ва Туркманистону Ӯзбекистон, равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон нисбатан беҳтар ҷараён дошта, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин лиҳоз танҳо Қирғизистон аз Тоҷикистон пешсафтар аст . Дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Сарфи назар аз пайиҳам соли чорум поин рафтани нишондиҳандаҳои демократия дар Тоҷикистон ва давлати худкома (авторитарӣ) эълон шудани он аз нигоҳи сатҳи арзишҳои демократия, нисбат ба Русияву Қазоқистон ва Туркманистону Ӯзбекистон, равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон нисбатан беҳтар ҷараён дошта, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин лиҳоз танҳо Қирғизистон аз Тоҷикистон пешсафтар аст

.

Дар ин бора дар

гузориши нави

созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи озодӣ маълумот дода мешавад, ки  вазъ дар ин самтро дар 29 кишвари қораи Осиё, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо мавриди таҳлил қарор додааст.

Рейтинги Тоҷикистон дар гузориши мазкури Freedom House таҳти унвони «Кишварҳои давраи гузариш-2015» 6,39 баллро ташкил медиҳад. Рейтинг аз рӯйи 7 нишондиҳанда – вазъ дар ҷараёни интихобот, мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи мустақилияти ВАО, мизони фасод ва ғайра таҳия мегардад.

Муаалифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба фишор болои мухолифин, адвокатҳо ва журналистон идома дода, далелҳи зерин боиси нигаронианд: низоми судӣ таҳти назорати ҳукумат қарор дорад, шароити будубош дар зиндонҳо ногувор буда, ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест ва созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд «гумоштагон (агентҳо)-и хориҷӣ» эътироф карда шаванд.

Мутобиқи маълумоти гузориш, ба сафи кишварҳои пурра демократӣ – Словения, Эстония, Чехия, Лаҳистон (Полша), Литва Словакия, ба гурӯҳи кишварҳои дорои реҷаи дугуна (гибридӣ) – Македония, Албания, Босния ва Герсеговина, Украина ва Молдова, ба қатори давлатҳои дорои реҷаи нимахудкома (нимаавторитарӣ) – Арманистон, Қирғизистон ва Косово ва ба феҳристи кишварҳои дорои реҷаи худкома – Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон,Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.