Боздиди ҳамоҳангсози доимии СММ аз ВКХ Тоҷикистон



Рӯзи 24 июни соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ)  дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон дар соли 2015 баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (Душанбе, 9-11 июни 2015) табодули назар намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное