Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ба АНМН ташриф овард

Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов рӯзи 24 июн аз Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон боздид намуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, зимни мулоқоти дуҷониба раиси АНМН генерал-лейтенанти милиса Рустам Назарзода меҳмонро бо вазъи мухаддирот  дар […]

Аваз Юлдошев



Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Петко Драганов рӯзи 24 июн аз Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон боздид намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, зимни мулоқоти дуҷониба раиси АНМН генерал-лейтенанти милиса Рустам Назарзода меҳмонро бо вазъи мухаддирот  дар Тоҷикистону Афғонистон ва ба сурати умум дар тамоми минтақа ошно кард.

Директори Агентӣ пешниҳод кард, ки дар маркази таълимии АНМН омодагии кормандони сохторҳои зидди маводи нашъаовари минтақа роҳандозӣ шуда, вохӯриҳои мунтазами роҳбарони сохторҳои дахлдори минтақа ҷиҳати табодули маълумот барпо карда шаванд.

Рустам Назарзода дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, ташаббуси президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи солҳои 2016-2020-ро эълон кардани панҷсолаи тадбирҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим хотиррасон намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.