КМО: Барои омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ 1 млн. $ зарур аст

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи мазкур ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, дар ҷаласа зикр шуд, дар айни ҳол таваҷҷӯҳи ташкилотҳои варзишии кишвар бештар ба намудҳои афзалиятноки […]

ASIA-Plus



Дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи мазкур ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, дар ҷаласа зикр шуд, дар айни ҳол таваҷҷӯҳи ташкилотҳои варзишии кишвар бештар ба намудҳои афзалиятноки варзиш – бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо ВТФ ва варзиши сабук – равона шудааст.

Зикр гардид, ки ҳоло 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ мушарраф шудаанд, барои омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 мубориза мебаранд. Гурзандоз Дилшод Назаров дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардидааст.

Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, ки барои татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро” ҳудуди як миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Ин маблағ аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои миллии варзишӣ ва сарпарастон ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, дар рӯзҳои сафари президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ ба Тоҷикистон (15-16 июни соли равон) дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпӣ Маркази ташхиси тиббии варзишгарон таҳти раҳбарии мутахассиси кореягӣ Санг Унг Ли аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор шурӯъ кард, ки аъзои мунтахаби кишвар аз ин марказ барои ташхису табобат ба таври ройгон истифода мебаранд.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои кишвар дар бораи омодагии варзишгарони худ ба Олимпиадаи соли 2016 иттилоъ доданд.

Ширкати испании Joma, ки дар ҷаҳон бо истеҳсоли либосу пойафзоли варзишӣ маъруф аст, инчунин ширкати нави тоҷикии iamdifferent ба аъзои ситод тарҳи либосҳои миллии варзишии мунтахаби Тоҷикистонро пешниҳод карданд. Ширкати iamdifferent, ки ғолиби озмун дониста шуд, дар ҷаласаи навбатӣ ба аъзои ситод намунаҳои либосҳои дӯхтаи миллии варзиширо намоиш медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.