Шаҳрдории пойтахт тӯйи 55 ҷуфти навхонадоронро барпо мекунад

Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз, 25 июн дар муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» маросими тӯйҳои хатнасури 360 наврасон ва арӯсию домодии 55 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманди пойтахтро барпо мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз нимаи дуюми 25 июн Боғ ва аттраксионҳои он пурра […]

ASIA-Plus



Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз, 25 июн дар муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» маросими тӯйҳои хатнасури 360 наврасон ва арӯсию домодии 55 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманди пойтахтро барпо мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз нимаи дуюми 25 июн Боғ ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тӯйдорон фаъол карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин маросим раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзида, соҳибҷашнонро бо туҳфаву мукофотпулиҳо қадр мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ба шарафи ин ҷашни бузурги миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ 7 иншооти гуногунтаъинот бо маблағи 441,2 млн сомонӣ бо таъсиси 558 ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.