Гуфтушунидҳои Тошканд пурсамару умедбахш арзёбӣ гардиданд

– Гуфтушунидҳои рӯзи 23 июн дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд пурсамару умедбахш анҷом пазируфтанд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба гуфти манбаъ, дар ҷаласа таҳти ҳамраисии муовинони аввали нахуствазирони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Ӯзбекистон Рустам Азимов асосан масъалахои рушди […]

Аваз Юлдошев



– Гуфтушунидҳои рӯзи 23 июн дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд пурсамару умедбахш анҷом пазируфтанд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба гуфти манбаъ, дар ҷаласа таҳти ҳамраисии муовинони аввали нахуствазирони Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва Ӯзбекистон Рустам Азимов асосан масъалахои рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шудаанд.

«Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Тошканд ба вазорату идораҳои дахлдори ҳарду кишвар супориш дода шуд, ки ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахшҳои нақлиёту коммуникатсия ва тиҷорату иқтисод шурӯъ намоянд», – гуфт манбаъ.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ҷаласаи Тошканд масъалаи бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо матраҳ нагардидааст. «Ҷонибҳо танҳо масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкиму густаришу ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд. Масъалаи марбут ба бекор кардани реҷаи раводид сиёсӣ аст ва дар ҷаласаи рӯзи 23 июн масъалаҳои сиёсӣ умуман баррасӣ нашуданд», – иброз дошт манбаъ.

Номбурда изҳори итминон кард, ки замоне фаро хоҳад расид, ки ин масъала ҳам роҳи ҳалли худро меёбад. «Вохӯрӣ дар Тошканд нишон дод, ки ҳарду ҷониб барои ҳалли мушкилот ва ихтилофҳои ҷойдошта ниятҳои ҷиддӣ доранд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида ба «Азия-Плюс» аз доираҳои ҳукуматӣ, ахири моҳи октябр – аввали моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки марзи давлатии кишварҳо пешбинӣ шудааст.

Зимни ҷаласаи мазкур муовини аввали нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов изҳор намуд, ки кишвари ҳамсоя ба баррасии пешниҳодҳои корхонаҳои Тоҷикистон

ҷиҳати роҳандозии ҳамлу нақли дуҷонибаи маҳсулот омода буда,

таҳияи феҳристи мавқеъи молҳо барои рушди содироти дуҷонибаро зарур медонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.