Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари САҲА дар ҶТ ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори конфронси «Маркази Вефа» намоишгоҳи аксҳои «Нест бод шиканҷа!» барпо мекунад. Оғоз соати 10-00;

– Дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиши балети А.Адан «Корсар» доир мегардад. Оғоз соати 18-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.2602

сомонӣ;


1

евро –

7.0127

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1153

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих



Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.


1945

– Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рутбаи ҳарбии Генералиссимуси ИҶШС таъсис дода шуд, ки нахустин ва ягона дорандаи ин рутба И.В. Сталин аст.


1922

– Ифтитоҳи Анҷумани I-уми Шӯрои Помири Шарқӣ.


2004

– Автобуси нахустини мусофиркаш бо 40 мусофир аз Хоруғ ба шаҳри Қошғари Чин раҳсипор шуд.


2009

– Президенти ҶТ ба фаъолияти комбинати ғанисозии маъдани Олтин-Топкан ҳусни оғоз бахшид.


2010

— Дар Ню-Йорк дар синни 85-солагӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.


1927

– Зодрӯзи коргардони кино, дорандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ Владимир Мотил.


1933

– Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Бахтиёр Аҳмадов.


1942-2010

– Зодрӯзи физик Акрам Ҷӯраев.


1949

– Мавлуди коргардони кино Майрам Юсуфова.


1951

– Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Сайдалӣ Сабзов.


1963

– Мавлуди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов.


1968

– Зодрӯзи доктори улуми дорусозӣ Саломиддин Исуфов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+22.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.

spot_imgspot_img

Популярное