Нисбат ба Арманистон барқ дар Тоҷикистон 4 баробар арзон аст

Нисбат ба Арманистон, ки бар асари болоравии тарифҳо ба нерӯи барқ дар ин кишвар гирдиҳамоиҳо ҷараён доранд, барқ дар Тоҷикистон 4 баробар арзон аст. Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон қарор кард, ки аз 1 августи соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқро барои 1 кВт/соат ба андозаи 16,7% – аз 41,85  драм (тақрибан 8,8 сент) […]

ASIA-Plus



Нисбат ба Арманистон, ки бар асари болоравии тарифҳо ба нерӯи барқ дар ин кишвар гирдиҳамоиҳо ҷараён доранд, барқ дар Тоҷикистон 4 баробар арзон аст.

Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон қарор кард, ки аз 1 августи соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқро барои 1 кВт/соат ба андозаи 16,7% – аз 41,85  драм (тақрибан 8,8 сент) то ба 48,78 драм (10,3 сент) пардохти рӯзона ва 38,78 драм (8,2 сент) пардохти шабона боло барад. Музди миёнаи меҳнат дар Арманистон 200 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз намоишҳои зиёди эътирозӣ дар шаҳрҳои гуногуни кишвар, Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон изҳор доштааст, ки қарори худ оид ба болоравии тарифҳоро

тағйир доданӣ нест

, зеро ин ниҳод мустақил буда, баъди баррасиву таҳлилҳои сершумор қарорҳои аз нигоҳи иқтисодӣ дурусту саҳеҳ қабул мекунад.

Арзиши 1 кВт нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба 12,6 дирам ё худ 2 сент баробар аст. Бори ахир моҳи июни соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқ ба андозаи 15% афзуд.


Кишварҳо


Арзиши барқ


барои 1 кВт.с

 

 


Маоши миёна, апрел соли 2015 (маълумоти оморӣ)

Тоҷикистон

2,1 сент

175 доллар

Қазоқистон (Алмаато)

14 сент

830 доллар (декабр, соли 2014)

Қирғизистон

1,1 сент

210 доллар

Ӯзбекистон

6 сент

350 доллар

Туркменистан (100 кВт.с)

71 сент

Маълумот нест

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.