Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз содир шудани амали террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Тунис бори дигар изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ба иштирок дар муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи байнулмилалӣ алайҳи терроризм омода аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас- Себси дар робита ба ин амали террористӣ, ки боиси даҳҳо сайёҳон гардид, президенти Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар ҳамдардии амиқ изҳор кард.
«Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои ВАО-и ҷаҳон, бар асари ҳамлаи террористӣ ба сайёҳон, ки дар шаҳри Сусаи Тунис содир шуд, 27 нафар ба ҳалокат расиданд.



