Э.Раҳмон башариятро ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз содир шудани амали террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Тунис бори дигар изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ба иштирок дар муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи байнулмилалӣ алайҳи терроризм омода аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас- Себси дар робита ба ин […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз содир шудани амали террористӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои Тунис бори дигар изҳор намуд, ки ҷумҳурӣ ба иштирок дар муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаи байнулмилалӣ алайҳи терроризм омода аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Ҷумҳурии Тунис Баджи Қаид Ас- Себси дар робита ба ин амали террористӣ, ки боиси даҳҳо сайёҳон гардид, президенти Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар ҳамдардии амиқ изҳор кард.

«Бо ибрози тасаллият ва таъзияи самимӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, ки дар саъю талошҳои дастаҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои ВАО-и ҷаҳон, бар асари ҳамлаи террористӣ ба сайёҳон, ки дар шаҳри Сусаи Тунис содир шуд, 27 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.