Нахуствазири Ҳиндустон бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон меояд



Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ рӯзҳои 11-12 июл бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, зимни ин сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев дар назар аст.

«Зимни гуфтушунидҳо баррасии масоили густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Хиндустон дар бахшҳои иқтисоду энергетика, амният, кишоварзӣ, фарҳанг ва илм пешбинӣ шудааст», – қайд кард манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное