Суханронии Э.Раҳмон дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои узви БРИКС ва ИИАО

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи нишасти СҲШ дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русия […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи нишасти СҲШ дидору гуфтушунидҳои сарвари давлати Тоҷикистон бо сарони кишварҳои Русия – Владимир Путин, Афғонистон –  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Эрон – Ҳасани Рӯҳонӣ, Чин – Си Ҷинпин ва президенти Бошқирдистон (Русия) – Рустам Ҳамидов дар назар аст.

«Дар шаҳри Уфа Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС (Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ ва Русия) ва вохӯрии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) низ иштирок мекунад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни сафар ба Уфа президенти Тоҷикистон бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар Бошқирдистон низ мулоқот хоҳад кард. «Ғайр аз ин, дар Уфа вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорони яке аз мактабҳои олии техникии Бошқирдисотон низ баргузор мешавад, ки пас аз анҷоми он ба президенти Тоҷикистон унвони профессори фахрӣ супурда хоҳад шуд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.