Санаи дақиқи сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки моҳи июл пешбинӣ шудааст, алҳол маълум нест. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфти манбаъ, дар назар аст, ки зимни ин сафар сарвари давлати Тоҷикистонро пешвои маънавии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оғо Хони IV ҳамроҳӣ хоҳад кард.
«Айни замон дар ВМКБ як қатор иншоот мавриди омодашавӣ қарор доранд, ки дар ҷараёни сафари меҳмонони воломақом ба вилоят ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин вохӯриҳои президент ва шоҳзода Оғо Хони IV бо аҳолӣ дар назар аст», – афзуд манбаъ.



