Иштироки Шералӣ Мирзо дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ



Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар машварати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Сухангӯи Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин машварат як қатор дидору гуфтушунидҳои Шералӣ Мирзо ба ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви СҲШ дар назар аст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Русия, дар кори машварат ҳайатҳои шаш кишвари узви СҲШ (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) ва ҳамчунин намояндагони Котибот ва сохтори минатқавии зиддитеррористии Созмон иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, дар машварат атрофи масоили муҳиму рӯзмарраи амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, роҳу воситаҳои мутттаҳидсозии талошҳо барои посухи сазовор ба таҳдиду чолишҳои замони муосир, табирҳои амалӣ ҷиҳати сафарбарии нерӯ ва воситаҳои Созмон баҳри таъмину сулҳу субот дар минтақа табодули назар сурат гирифта, иштирокдорони машварат натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар соли гузаштаро баррасӣ ва ҳамчунин имзои Нақшаи ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2016-2017 ва тасдиқи як қатор асноди муносибатҳои дуҷониба дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи баргузории машварати Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Санкт-Петербург Фестивали дуюми байнулмилалии низомӣ-мусиқии кишварҳои узви СҲШ низ доир мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное