Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ҷараён дорад. Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва ҷониби Молдоваро муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак намояндагӣ мекунанд. Дар ҷаласа ҷонибҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ҷараён дорад.

Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва ҷониби Молдоваро муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак намояндагӣ мекунанд.

Дар ҷаласа ҷонибҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҳамчунин масъалахои дастгирии тиҷорати хурду миёнаро баррасӣ мекунанд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки сатҳи кунунии ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯ нест ва таъкид шуд, ки рушди иқтисоди ҳарду кишвар барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.

Ҷонибҳо зарурати рушди шаклҳои нави фаъолияти муштарак дар бахши тиҷорат, имконоти амалисозии лоиҳаҳои муштарак, андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ дар пояи фаъол гардонидани заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқиро таъкид намуданд.

Бино ба маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Молдова 3,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Молдова ба 1,3 млн. ва воридоти моли ин кишвар ба Тоҷикистон ба 2,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Дар муқоиса бо соли 2013 соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Молдова ба андозаи 25,3% коҳиш ёфтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.