Ҳодисаҳои истифода аз силоҳ дар марзи Ӯзбекистон

Дар се қитъаи марзи давлатии Ӯзбекистон бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳодисаҳои ногувор ба вуқӯъ пайвастанд. Хабаргузории 365info.kz менависад, шоми рӯзи 28 июн марзбонони ӯзбек сӯйи қаиқи моҳигирон дар рӯдхонаи Сирдарё оташ кушодаанд, ки бар асари он шаҳрванди Қазоқистон Уалихон Аҳмедов ҳалок шуда, ба ҳамроҳи ӯ муяссар шудааст, ки то соҳили Қазоқистон шино карда, паноҳ […]

АИ Фергана



Дар се қитъаи марзи давлатии Ӯзбекистон бо истифода аз силоҳи оташфишон ҳодисаҳои ногувор ба вуқӯъ пайвастанд.

Хабаргузории

365info.kz

менависад, шоми рӯзи 28 июн марзбонони ӯзбек сӯйи қаиқи моҳигирон дар рӯдхонаи Сирдарё оташ кушодаанд, ки бар асари он шаҳрванди Қазоқистон Уалихон Аҳмедов ҳалок шуда, ба ҳамроҳи ӯ муяссар шудааст, ки то соҳили Қазоқистон шино карда, паноҳ барад.

Ҳодисаи дуюм ба тирпаронӣ миёни марзбонони ӯзбеку қирғиз рабт дорад, ки дар посух ба огоҳии сарҳадбонони қирғиз ба марзбонони ӯзбек оид ба убур накардани марз ва посбонӣ дар макони муқаррашуда, марзбонони ӯзбек сӯйи ҳамтоҳои қирғизи худ аз силоҳи оташфишон тир мекушоянд.

Гуфта мешавад, аз ин ҳодиса марзбонони қирғиз осеб надида, вале хабаргузории

«Азаттык» (хадамоти қирғизии Радиои Озодӣ)

менависад, аз тирпарронии дуҷониба як марзбони ӯзбек захм бардоштааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи марзи давлатии Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон, рӯзи 25 июн ду шаҳрванди Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Конибодом ба убури марзи давлатӣ дар қитъаи маҳаллаи аҳолинишини Андархони ноҳияи Бешариқ кӯшиш кардаанд.


Podrobno.uz

дар ин маврид иттилоъ медиҳад, ки марзбонон нахуст ба фазо оташ кушода, онҳоро огоҳ намудаанд, вале марзшиканон ба дастури бозистодан итоат накарда, дар натиҷа ба сӯи онҳо аз силоҳи оташфишон тир кушода шудааст, ки бар асари он як тоҷикистонӣ захмиву мунтақил ба бемористони ноҳияи Бешариқ ва ҳамроҳаш боздошт шуда, мақомоти Ӯзбекистон аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.