Э.Раҳмон оид ба тақвияти тадбирҳои ҳифзи марз бо Афғонистон дастур дод

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Сипас Нақшаи кори […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни баррасии масъалаи кадрҳо, ки дар оғози маҷлис сурат гирифт, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Сипас Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2015 ва Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатдиҳӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тавре зикр гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Ҳадафи асосӣ аз пешниҳоди ин қонун таъмини шаффофият дар санҷишҳо, пешгирӣ аз санҷишҳои дурудароз ва беасосу такрорӣ ва додани сабукиҳо ба соҳибкорону сармоягузорон аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати санҷишҳо барои субъектҳои калони соҳибкорӣ на зиёда аз 10 рӯз барои субъектҳои миёнаи соҳибкорӣ то 5 рӯз, барои субъектҳои хурд 2 рӯз муқаррар гардидааст.

Дар идомаи маҷлис Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2018, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, тасдиқ карда шуд.

Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли равон, ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, захира кардани маводи ғизоию сӯзишворӣ барои тирамоҳу зимистони оянда ва ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани тадбирҳои амниятӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.