Кишварҳои узви ИДМ таҳдидҳои ДИИШ-ро арзёбӣ мекунанд

Дар машварати байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 7 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад, масоили марбут ба муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳони имрӯза баррасӣ шуда, иштирокдорони машварат ҳамчунин ба мушкилоти кунунии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин робита менависад, зимни ин чорабинӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар машварати байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 7 июл дар шаҳри Маскав доир мегардад, масоили марбут ба муқовимат ба таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳони имрӯза баррасӣ шуда, иштирокдорони машварат ҳамчунин ба мушкилоти кунунии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ин робита менависад, зимни ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои муштараки кишварҳои узви Иттиҳод дар мубориза бо терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаклҳои бисёрҷониба ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар ин самт дар арсаи байнулмилалӣ дар назар аст.

«Пешбинӣ шудааст, ки ба арзёбии фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва мушкилоти «ҷангиён-террористони хориҷӣ», баррасии вазифаҳо оид ба муқовимат бо шаклҳои гуногуни зуҳуроти исломгароӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – қайд мешавад дар маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масоили муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ҳамчунин таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ табодули назар сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.