Кормандони маҳаллии сафорати ИМА ҳамасола ба буҷет 400 ҳазор $ андоз пардохт мекунанд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн Созишномаи санаи 29 апрели соли равон баимзорасида байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандии кормандони маҳаллии сафорати Амрико дар Душанберо якдилона тасдиқ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба шарҳи ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода изҳор намуд, ки созишномаи мазкур […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн Созишномаи санаи 29 апрели соли равон баимзорасида байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандии кормандони маҳаллии сафорати Амрико дар Душанберо якдилона тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба шарҳи ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода изҳор намуд, ки созишномаи мазкур миёни ҷонибҳо қариб муддати якуним сол мувофиқа шуда, ахири моҳи июн аз ҷониби сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиотт ва раиси Кумитаи андози ҶТ Нусратулло Давлатзода ба имзо расид.

Зикр гардид, ки мутобиқи созишномаи тасвибшуда, ҳайати шахсии маҳаллии намояндагии дипломатии ИМА дар Душанбе ҳамасола ба буҷети Тоҷикистон ба сифати андоз аз даромад ҳудуди 400 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт мекунанд.

Мебояд гуфт, қаблан низ парлумони Тоҷикистон ба ин монанд як созишномаи дигар миёни ҳукумати кишвар ва Дафтари САҲА дар Душанберо ҳам ба тасвиб расонида буд, ки мутобиқи он кормандони маҳаллии ин ниҳод ҳамасола ба буҷети Тоҷикистон аз даромадашон беш аз 350 ҳазор доллари ИМА андоз пардохт хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.